← Ҳамаи дастурҳо

Чӣ тавр бо сканери штрих-код фурӯхтан

Фурӯшро танҳо бо равона кардани камераи телефон ба штрих-коди молҳо менависед.

2.0.0Дар версияи 2.0.0 пайдо шуд. Агар дар барнома набинед — онро дар App Store ё Google Play нав кунед. Чӣ нав дар Tijorat

  1. Дар поёни экран, дар мобайн — тугмаи мудаввари сканер. Онро пахш кунед. Бори аввал телефон иҷозати камераро мепурсад — иҷозат диҳед.

    Қадами 1
  2. Фурӯш бо камера кушода мешавад. Камераро ба штрих-коди рӯи қуттӣ равона кунед — «пик» садо медиҳад ва мол дар чек пайдо мешавад. Молҳоро як-як скан кунед. Ҳамон мол боз — дар чек як дона зиёд мешавад.

    Қадами 2
  3. Миқдорро бо тугмаҳои − ва + дар сатри чек дуруст кардан мумкин аст. − дар донаи охирин молро аз чек мебарорад. Моли вазнӣ фавран ба чек намеафтад — аввал вазнро мепурсад.

    Қадами 3
  4. Интихоб кунед, ки чӣ тавр пардохт карданд, ва Сабт кардан-ро пахш кунед. Фурӯш навишта шуд, боқимонда кам шуд.

    Қадами 4
  5. Агар сканер кодеро хонад, ки ҳоло дар молҳо нест, барнома Сохтани мол ё Пайваст ба мол-ро пешниҳод мекунад. Садо ва ларзиши сканерро хомӯш кардан мумкин аст: Танзимот → Садоҳо.

Минбаъд

Нашуд? Ба мо дар Telegram нависед