Барои фурӯшандагони бозор ва мағоза

Ҳисоби савдо барои фурӯшандаи бозор

Фурӯш, мол, насия ва фоидаи рӯз — дар телефон. Бе интернет кор мекунад.

Боргирӣ азApp Store Ба зудӣ дарGoogle Play

Ҳисоби асосӣ — ҳамеша ройгон

Экрани «Имрӯз»: даромад ва фоидаи рӯз Экрани «Насия»: кӣ чӣ қадар қарздор аст
Бе интернет кор мекунадФурӯш ҳатто дар ҷои бе алоқа сабт мешавад
Маълумот дар телефони шумоСервери мо ҳисоби шуморо нигоҳ намедорад
Ҳамеша ройгонФурӯш, мол ва насия — бе пардохт
iPhone ва AndroidТоҷикӣ, русский ва English

Ҳама чиз барои рӯзи савдо

Аз фурӯши аввали саҳар то фоидаи бегоҳ — дар як барнома.

Фурӯш бо ду ламс

Аз рӯи мол ё танҳо бо маблағ. Нақд, корт ё насия.

Фоидаи рӯз

Даромад, арзиши аслӣ ва хароҷот фавран намоёнанд, бе ҳисобкунак.

Мол ва бақия

Воридот, «буд — монд» ва огоҳӣ, вақте мол тамом мешавад.

Насия

Мӯҳлати баргардонидан, мӯҳлатгузаштаҳо дар аввал, хотиррасонӣ дар WhatsApp бо ҳисобот.

Бозгашт ва ивваз

Молро баргардонданд ё иваз карданд — бақия, даромад ва қарз худ аз нав ҳисоб мешаванд.

Ҳисобот

Рӯз, ҳафта, моҳ: беҳтарин рӯз, чеки миёна, пул ба куҷо рафт.

Кормандон ва нуқтаҳо

Ҳар кас дар телефони худ ҳисоб мебарад, шумо ҳамаи фурӯшро мебинед. Мубодила рамзгузорӣ шудааст.

Нусха ва Excel

Нусха дар Google Диск ва содирот барои муҳосиб дар як файл.

Барои кӣ

Соҳиби мағоза

Даромад, фоида ва қарзҳои ҳамаи нуқтаҳоро мебинад. Мол ва нархҳоро худаш идора мекунад.

Фурӯшанда

Экрани содаи фурӯш дар телефони худ. Фоидаи соҳиб ба ӯ намоён нест.

Харидор

Хотиррасонӣ дар бораи қарз бо ҳисобот мегирад — бе баҳс, чӣ қадар ва барои чӣ.

Чӣ тавр оғоз кардан — се қадам

  1. Tijorat-ро боргирӣ кунед

    Аз App Store ё Google Play — ройгон.

  2. Ворид шавед

    Бо почта, Google ё Apple.

  3. Фурӯши аввал

    Молҳоро илова кунед ё танҳо бо маблағ фурӯшед — ҳисоб оғоз шуд.

Тарифҳо

Ҳисоби асосӣ ҳамеша ройгон. Pro — вақте корманд ва якчанд нуқта доред ва ҳамаи таърих лозим аст.

Ройгон

0 сомонӣ · ҳамеша

  • Фурӯш, хароҷот ва молҳо
  • Насия — қарзи харидорон
  • Ҷамъбасти рӯз ва таърих барои як ҳафта
  • Нусхаи ҳисоб ба файл
Ройгон боргирӣ кунед
Дастрасии барвақт

Tijorat Pro

Ҳоло ройгон

  • Кормандон ва нуқтаҳо
  • Ҳамаи таърих
  • Нусха дар Google Диск
  • Ҳисобот барои моҳ
  • Содирот ба Excel
  • Хотиррасонӣ дар бораи қарз

Ҳоло ҳамаи имкониятҳо ройгонанд. Баъдтар Pro пулакӣ мешавад — корбарони аввал бонус мегиранд.

Ройгон боргирӣ кунед

Ҳисоби шумо ҳамеша аз они шумост: бе Pro ҳамаи сабтҳо боқӣ мемонанд ва кушода мешаванд.

Саволҳои зиёд

Интернет лозим аст?

Барои фурӯш ва ҳисоб — не: ҳама чиз дар телефон нигоҳ дошта мешавад. Интернет барои ворид шудан, мубодила бо кормандон ва нусха дар Google Диск лозим аст.

Маълумоти ман дар куҷо нигоҳ дошта мешавад?

Дар телефони шумо. Сервери мо танҳо ҳисоб ва обунаро нигоҳ медорад, мубодила бо кормандон рамзгузорӣ шудааст. Муфассал — дар сиёсати махфият.

Барои якчанд нуқта мувофиқ аст?

Ҳа. Ҳар корманд дар телефони худ ҳисоб мебарад, соҳиб фурӯши ҳамаи нуқтаҳоро мебинад. Ин ба Pro дохил мешавад.

Pro-ро чӣ тавр пардохт кунам?

Ҳоло лозим нест: дар дастрасии барвақт Pro барои ҳама ройгон аст. Вақте Pro пулакӣ шавад, онро дар ҳамин сайт, дар қисми «Тарифҳо» пардохт кардан мумкин мешавад.

Ҳисобро ба телефони нав чӣ тавр гузаронам?

Танзимот → «Нусхаи эҳтиётӣ» → «Захираи нусха» ва файлро ба худ фиристед. Дар телефони нав ба ҳамон ҳисоб ворид шавед ва нусхаро барқарор кунед. Бо Pro нусха худ дар Google Диск нигоҳ дошта мешавад.

Ҳисобро чӣ тавр нест кунам?

Дар барнома: Танзимот → почтаи шумо → «Ҳисобро нест кардан». Бе барнома — бо ин дастур.

Ҳисобро имрӯз оғоз кунед

Tijorat-ро боргирӣ кунед — фурӯши аввал як дақиқа вақт мегирад.

Боргирӣ азApp Store Ба зудӣ дарGoogle Play